Ссылки доступа

Узбекистон додани визаҳои электрониро мувақаттан қатъ кард


Шуруъ аз 6 сентябр дар Узбекистон додани визаҳои электронӣ ба хориҷиҳо ҷатъ шудааст.

Дар ин бора аз вазорати хориҷаи Узбекистон иттилоъ доданд.

Вазорат гуфт, қатъи визаҳои электронӣ ба "корҳои ислоҳӣ дар низоми e-visa.gov.uz марбут аст".

Визаҳои электронӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷие дода мешуд, Узбекистон бо онҳо тартиби содаи равуоро барқарор кардааст.

Ин гуна визаро шаҳрвандони хориҷие дастрас мекарданд, ки бо ҳадафҳои сайёҳӣ ва ба муҳлати то 30 рӯз вориди Узбекистон мешуданд.

XS
SM
MD
LG