Ссылки доступа

Раиси ширкате, ки кӯдаконро дар Тошканд заҳролуд кард, писари раиси ноҳия будааст


Моҳи августи соли ҷорӣ дар яке аз боғчаҳои ноҳияи Оққурғони вилояти Тошканди Узбекистон бештар аз 30 кӯдак бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шудаву як тан фавтида буд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар пайи як таҳқиқот муайян кард, ширкате, ки кӯдакон аз ғизоҳои он заҳролуд шудаанд, ба раиси ноҳияи Оққурғон марбут будааст.

Ин ширкат "SHARK MILK PRODUCT" ном дорад, ки дар тендери баргузоркардаи ноҳия барои таъмини ғизои боғчаҳо пирӯз шуда буд.

Раиси шикрати "SHARK MILK PRODUCT" Омонов Фазлиддин Фарҳодович писари раиси ноҳияи Оққурғон Фарҳон Омонов аст.

Маблағи умумии тендери таъмини ғизои кӯдакон 46,7 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Кӯдакони боғча рӯзи 12 августи соли ҷорӣ заҳролуд шуданд.

XS
SM
MD
LG