Ссылки доступа

Толибон занҳои Афғонистонро аз варзишкорӣ манъ карданд


Гуруҳи "Толибон" занҳои Афғонистон, аз ҷумла аъзои тимиҳои миллиро аз варзишкорӣ манъ кард. Дар ин бора Аҳмадулло Восиқ, муовини раиси комисияи "Толибон" рӯзи чаҳоршанбе дар суҳбат бо нашрияи SBS News хабар дод.

Вай барои ин фармон бозии крикетро мисол овард. Восиқ гуфт, дар сурате агар занҳо крикет бозӣ кунанд, чеҳра ва андомҳояшон барои бинандагон ошкор мешавад. "Ислом ва Аморати Исломӣ ба ин роҳ намедиҳад", - гуфт вай. Восиқ илова кард, занҳо метавонанд, гашту гузор кунанд, вале варзиш, ба бовари вай, барои занҳо муҳим нест.

Рӯзи чаҳоршанбе Би-би-сӣ хабар дод, ки дар яке аз вилоятҳои Афғонистон толибон занеро дар пеши рӯи шавҳар ва фарзандонаш парронданд. Аксҳои нашршуда ин ҳодисаро собит мекунанд. Намояндаи толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, толибон дар ин кор даст надоранд.

Чанд рӯзи пеш толибон нисбати занҳои эътирозгар дар Кобул аз гази ашковар истифода карданд. 8 сентябр толибон фармон содир кардаанд, ки ҳама гуна иқдомҳои эътирозӣ бо вазорати корҳои дохилӣ ва адлия мувофиқа карда шаванд. Толибон гуфтанд, дар сурати риоя нашудани ин тартибот ҳамаи ширкатдорон иқдом муҷозот мешаванд.

Баъди ғасби ҳукумати Афғонистон аз сӯи толибон сокинони он кишвар аз фишор ва маҳдудшавии ҳуқуқҳояшон шикоят доранд. Занҳо аз мансабу мақом дар ҳукумат ва созмонҳои тиҷорӣ маҳрум шудаанд. Расонаҳои маҳаллӣ аз ҳолатҳои ҳамла ба занҳо аз сӯи толибон хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG