Ссылки доступа

Ба донишҷӯёни узбекистонӣ, ки то моҳи ноябр воксин мегиранд, 10 дарсад тахфиф медиҳанд


Донишҷӯёни узбекистонӣ, ки то 1 ноябри соли ҷорӣ воксини зидди коронавирус мегиранд, дар пардохти шартномаи донишгоҳ 10 дарсад тахфиф мегиранд.

Дар ин бора вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон хабар дод.

Дар вазорат гуфтанд, ин иқдом истисноӣ буда, бо назардошти қобилияти молии аҳолӣ дар давраи вабои коронавирус андешида шудааст.

XS
SM
MD
LG