Ссылки доступа

Дар Хадамоти гумруки Қирғизистон афзоиши пардохтҳоро рад карданд


Дар Хадамоти давлатии гумрики Қирғизистон рӯзи 9 сентябр хабар доданд, ки ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ва андоз тағйир наёфтааст.

Ба иттилои хадамоти гумрук, ҳангоми воридоти мол аз кишварҳои севум ҳаҷми пардохти гумрукӣ дар ҳаҷми 0,25 фоиз аз арзиши гумрукии мол, 12 фоиз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохти гумрукии аз сӯи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муқараргардида ситонида мешавад.

Тоҷирони бозори "Дордой"-и Бишкек рӯзи 8 сентябр дар назди бозор гирдиҳамоӣ ташкил ва аз бесабаб ду баробар боло рафтани пардохтҳои гумрукӣ шикоят карданд.

XS
SM
MD
LG