Ссылки доступа

HRW аз Қазоқистон даъват кард, ба муҳаққиқи "урдугоҳҳо"-и Шинҷон иҷоза вуруд диҳад


Созмони ҳомии ҳуқуқи байналхалқии Human Rights Watch (HRW) аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ба муҳаққиқи "урдугоҳҳо"-и Шинҷон Евгений Бунин иҷозаи вуруд ба Қазоқистонро бидиҳанд.

Ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Алмато ба Бунин иҷозат надоданд, ки вориди Қазоқистон шавад. Ба вай гуфтанд, вурудаш барои 5 сол манъ аст.

"Манъи вуруди Бунин - ин марҳилаи охири вокуниши Қазоқистон ба таъқибҳои Чин дар Шинҷон аст. Ҳукумати Қазоқистон бояд ин мамнуиятро бекор ва ба Бунин имкони амалисозии пажуҳишашро фароҳам оварад", - гуфт Хю Улиямс, як масъули (HRW).

Ибтидои ҳафтаи ҷорӣ Евгений Бунин - муассиси пойгоҳи иттилоотии қурбониёни урдугоҳҳо ва зиндонҳои Шинҷони Чин дар саҳифаи фейсбук хабар дод, ки ӯро иҷозат надоданд, вориди Қазоқистон шавад.

"Баъди як моҳи дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон будан, имрӯз ба Алматои Қазоқистон омадам. Дар гумруки фурудгоҳ ба ман иҷоза гузар надоданд. Баъдтар шарҳ доданд, ки вуруди ман барои 5 сол манъ шудааст", - навишт Бунин.

Дар фурудгоҳ ба вай сабабҳои манъи вурудро шарҳ надодаанд.

Чанд соли охир Евгений Бунин масълаи таъқиби ақалиятҳоро дар Чин ба баррасӣ гирифта, дар ин бора дар расонаҳои байналхалқӣ мақола таҳия мекунад ва таваҷҷуҳи созмонҳои байналхалқиро ба ин мавзуъ ҷалб месозад.

Бунин пойгоҳи иттилоотии қурбониёни урдугоҳҳо ва зиндонҳои Шинҷон - Shahit.biz-ро таъсис додааст. Аз ин пойгоҳ рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ истифода мекунанд.

Соли гузашта Узбекистон низ ба Бунин иҷозаи вуруд ба қаламравашро надода буд.

Ба иттилои СММ, дар Шинҷони Чин миллионҳо одам ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" ва ҳазорон каси дигар бо айбҳои беасос зиндонӣ шудаанд. Инҳо ақалиятҳои миллӣ буда, бештарашон мусалмон ҳастанд. Пекин урдугоҳҳоро "марказҳои касбомӯзӣ" унвон ва фаро гирифтани сокинонро дар он ҷо "мубориза бо тундгароӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG