Дар ин бора мақомоти зидди фасоди Қазоқистон рӯзи 9 сентябр хабар доданд.
Ба иттилои расмӣ, се корманди раёсати вилоятии маориф бо гумони "фасодкорӣ" боздошт шудаанд.
Тафтишот мегӯяд, 36 миллион танга барои ғизои хонандагони сифнҳои болоӣ ва донишҷӯёне ҷудо шуда буд, ки барои чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳурӣ омода мешуданд.
"Яъне, аз буҷаи кишвар маблағ ҷудо шудаву омодагии варзишкорон дар сатҳи зарурӣ доир нашудааст", - хабар доданд аз мақомоти зидди фасоди Қазоқистон.
Оҷонси назорати молии Қазоқистон гуфт, дар сурати исботи ҷиноят гумонбарон аз 2 то 7 сол зиндонӣ хоҳанд шуд.