Ссылки доступа

Сафорати Қирғизистон дар Русия аз қирғизистониҳо хост, то 30 сентябр будубошашонро қонунӣ кунанд


Сафорати Қирғизистон дар Русия аз қирғизистониҳо даъват кард, ки то рӯзи 30 сентябр будубошашонро дар Русия қонунӣ гардонанд ва ҳамаи талабҳои қонуниро иҷро кунанд - дар мақомоти муҳоҷират сабти ном шаванд, шартномаи меҳнат банданд ва дар макони зисте худро сабт кунанд.

Ба иттилои сафорат, бино ба фармони президенти Русия аз 16 июни соли ҷорӣ, ҳузури муваққати муҳоҷирон дар Русия то 30 сентябр тамдид шуда буд.

То рӯзи 30 сентябр шаҳрвандони хориҷие, ки то 15 марти соли 2021 вориди Русия шудаву асоси ҳуқуқие барои будубош дар он кишварро надоранд, метавонанд монданашонро дар Русия ба тартиб дароранд.

Дар сурати риоя накардани ин тартибот пулиси Русия метавонад, нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ҷазои маъмурӣ раво бинад.

XS
SM
MD
LG