Ссылки доступа

Баъди берун шудани неруҳои ИМА бори аввал аз Кобул хориҷиҳо парвоз карданд


Баъди хуруҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон, бори нахуст рӯзи панҷшанбе аз фурудгоҳи Кобул ҳавопаймое ҳомили шаҳрвандони хориҷӣ парвоз кард.

Ҳукумати "Толибон" ризоият дод, наздики 200 шаҳрванди хориҷӣ, ки тақрибан нисфе аз онҳо шаҳрванди ИМА ҳастанд, Кобулро тарк кунанд. Ҳавопаймо ба шаҳри Доҳаи Қатар парвоз кард.

Низомиёни амрикоӣ рӯзи 30 август Афғонистонро тарк карданд. Берунории шаҳрвандон ва низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, инчунин афғонҳое, ки аз толибон фирор карданд, ду ҳафта вақт гирифт. Низомиёни амрикоӣ ва ҳампаймонони онҳо аз Афғонистон бештар аз 120 ҳазор касро ба хориҷ бурданд.

То ин замон ҳеч кадом аз кишварҳои дунё ҳукумати муваққати ҳаракати "Толибон"-ро эътироф накардааст. Бо ин вуҷуд, кишварҳои Ғарб гуфтанд, омодаи гуфтугӯ бо толибон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG