Ссылки доступа

Мудирони мактабҳои Узбекистонро вазифадор карданд, хатмкардаҳоро шомили донишгоҳҳои хориҷ кунанд


Мудирони мактабҳои вилояти Намангони Узбекистонро вазифадор карданд, хатмкардаҳоеро шомили донишгоҳҳои хориҷӣ кунанд, ки соли ҷорӣ ба мактабҳои олии Узбекистон шомил нашуданд.

Чанд мудири мактаб аз вилояти Намангони Узбекистон бо муроҷиат ба расонаҳо гуфтанд, шуъбаи маорифи вилоят ба онҳо фишор меорад.

Як мудири мактаб гуфт, мақомоти маорифи вилоят барои иҷрои ин амр ба онҳо 3 рӯз муҳлат додаанд. Дар сурати иҷро нашудани дастур, мудирон аз мақом барканор хоҳанд шуд.

"Волидоне, ки имкони пардохти таҳсили фарзандонашонро дар хориҷ надоранд, чи бояд кунанд? Ба ҷуз, роҳбарияти маориф аз мудирон талаб кард, ки харҷи хатмкардаҳоро барои шомил шудан ба донишгоҳҳои хориҷ аз ҷайби худ пардозанд", - гуфт мудири мактабе аз вилояти Намангони Узбекистон.

Аммо Муҳиддин Ҷуманиёзов, мудири маорифи ноҳияи Нуратини вилояти Намангон ин хабарро рад кард. Вай гуфт, маориф ба мудирон чунин дастуре надодааст.

Имсол дар Узбекистон 438 ҳазор хонанда мактабҳои миёнаро хатм карданд.

Ба иттилои расмӣ, дар Узбекистон 141 мактаби олӣ мавҷуд аст.

Пештар аз ин президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки мактабҳои олии кишвараш бояд то 50 дарсади хатмкардаҳои мактабҳои миёнаро фаро гиранд.

XS
SM
MD
LG