"Ман телефонӣ бо Норматова суҳбат кардам. Мақомоти тафтишотии шаҳри Ӯш гуфтанд, дастур аз шаҳри Бишкек содир шудааст. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек иҷозаи пурсуҷӯи Орозойимро додааст", - гуфт вакили мудофеъ.
Расонаҳо навиштанд, ки Орозойим Норматова субҳи 10 сентябр дар фурдугоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон боздошт шуд. Дар ҳизби "Бутун Қирғизистон" гуфтанд, Норматова аз Ӯш ба Бишкек бурда шудааст.
Тафтишот мегӯяд, Норматова чанд соли охир дар Русия муҳоҷир аст ва бо аъзои ҳаракатҳои мухталиф дар Русия маҷлису ҷамъомадҳо ташкил мекунад.
"Дар ҷамъомадҳо Норматова пайваста роҳбарияти Қирғизистон танқидҳои беасос мекунад. Дар навиштаҳои Норматова низ фаъолияти ҳукумати Қирғизистон танқиди беасос мешавад. Ба ин тартиб, дар навиштаҳои охири вай нишонаҳои даъват ба ғасби ҳукумат дида мешавад", - хабар доданд аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.
Чанд рӯзи пеш Норматова барои иштирок дар маъракаи дафни хешовандонаш аз Русия ба Қирғизистон омад. Субҳи имрӯз вай тасмим дошт, аз шаҳри Ӯш ба Русия парвоз кунад.
Чанде аз сиёсатмадорони Қирғизистон ба озодии Норматова даъват карданд.