Ссылки доступа

Дар Узбекистон 29 занро бо гумони тарғиби тундгароӣ боздошт карданд


Дар шаҳр ва вилояти Тошканди Узбекистон рӯзи 10 сентябр 29 занро бо гумони тарғиби идеяҳои тундгароёнаи созмони "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт карданд.

Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои вазорат, занҳои боздоштшуда тавассути интернет ва паёмрасонҳои мухталиф бо аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" гуфтугӯ мекардаанд.

Занҳои боздоштшуда аз аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" паём гирифта, миёни сокинон ақидаҳои созмони мазкурро тарғиб мекардаанд, хабар медиҳад вазорати корҳои дохилии Узбекистон.

XS
SM
MD
LG