Ссылки доступа

Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро шартан озод карданд


Шаҳрванди Қирғизистон Кубаничбек Акматов, ки бо гумони фурӯши шираи камол аз сӯи мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудааст.

Абдилаҳат Акматов, падари боздоштшуда дар суҳбати телефонӣ гуфт, писараш дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон дар ҳабси хонагӣ аст.

"Тариқи телефон бо писарам суҳбат кардам. Барояш ҳуҷҷат ва либос ирсол кардам", - гуфт Акматов.

Расонаҳо рӯзи 6 сентябр хабар доданд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Кубаничбек Акматов - сокини вилояти Бодканди Қирғизистонро боздошт кардаанд.

Ба иттилои пешакӣ, Акматов дар минтақаи байнимарзӣ дар наздикии деҳаи Уч-Добои вилояти Бодканд боздошт шудааст. Вай аз куҳҳои Қирғизистон шираи камол ҷамъ оварда буд. Мақомоти Тоҷикистон Акматовро дар фурӯши шираи камол ба шаҳрвандони Тоҷикистон айбдор мекунанд.

"Ҳангоми боздошт аз шаҳрванди Қирғизистон 100 кило шираи камол пайдо шудааст. Дар фурсатҳои наздик барои баргардонии шаҳрванди боздоштшуда гуфтугӯ сурат мегирад", - хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG