Ссылки доступа

Дар Лондон баррасии таъқибҳои сокинони Шинҷон шуруъ шуд


Дар шаҳри Лондони Бритониё баррасии дувуми парвандаи таъқиби уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигар ақалиятҳои миллӣ дар минтақаи Шинҷони Чин шуруъ шуд.

Баррасии нахустин моҳи июн баргузор шуда буд.

Баррасии додгоҳӣ, ки расонаҳои байналхалқи онро "минбари уйғурҳо" меноманд, далелҳои таъқиби мусалмонҳои Чинро меомӯзад ва рафтори Пекинро дар асоси Конвесияи наслкушӣ баҳо медиҳад.

Комисияи таҳти роҳбарии ҳуқуқшиноси бритониёӣ Ҷеффрӣ Найс давоми се рӯз шоҳидон, олимон ва коршиносонро гӯш мекунад.

Пештар хабар расида буд, се қазоқтабор низ дар назди комисия шоҳидӣ медиҳанд, ки дар урдугоҳҳои Шинҷон нигаҳдорӣ шуда буданд.

Ба иттилои расонаҳо, ин додгоҳ қуваи қонунӣ надорад, аммо созмондиҳандагон умедворанд, ки баррасии парванда ба сиёсатҳои Чин дар мавриди таъқиби мусалмонҳои Шинҷон баҳо хоҳад дод.

Ҷеффрӣ Найс гуфт, мақомдорони Чинро борҳо ба ин додгоҳ даъват карданд, аммо аз он ҷониб посухе наомадааст.

Ҳукумати Чин пештар аз кори комисияи Лондон интиқод карда буд.

Созмонҳои байналхалқӣ ва муҳаққиқон мегӯянд, дар Чин аз чанд соли пеш таъқиби мусалмонҳо идома дорад. Мақомоти Чин мусалмонҳои Шинҷонро ба "урдугоҳҳои бозтарбия" ва зиндон мефиристанд. Онҳоро ба кори иҷборӣ фаро мегиранд ва занҳоро ба таври маснуъӣ безуриёт мекунанд.

ИМА, Канада ва Бритониё ин рафтори Чинро дар Шинҷон "наслкушӣ" унвон карданд.

Пекин айбҳои мазкурро рад карда, амалҳояшро дар Шинҷон "масъалаи дохилӣ" ва "мубориза бо тундгароӣ" унвон мекунад.

XS
SM
MD
LG