Ссылки доступа

Суқути ҳавопаймо дар вилояти Иркутски Русия - фавтидаҳо ҳастанд


Ҳавопаймои мусофирбари L-410 дар фурудгоҳи вилояти Иркутски Русия нишасти изтирорӣ кард. Ба иттилои пешакӣ, ҳавопаймо 14 мусофир ва ду халабон дошт. Се мусофир ва як халабон фавтидааст.

Расонаҳои Русия бо такя ба хадамоти изтирорӣ навиштанд, ки ҳавопаймо дар ҷангал суқут кардааст. Як аз мусофирон ба пайвандонаш телефон кардааст.

Эҳтимол дорад, ҳавопаймо дар натиқаи иштибоҳи халабонҳо ва аз кор мондани муҳаррик суқут карда бошад.

Аз ибтидои соли ҷорӣ дар Русия 10 рӯйдоди изтирорӣ бо ҳавопаймоҳо сар задааст. ​

XS
SM
MD
LG