Ссылки доступа

Куштор дар шаҳри Тошканд


Дар натиҷаи низоъ ва кордкашӣ дар назди маҷмааи тиҷории "Малика" дар шаҳри Тошканд Узбекистон як кас кушта, як тани дигар бистарӣ шудааст.

Ба иттилои пулиси Тошканд, нисфирӯзии якшанбеи 12 сентябр миёни тоҷирони телефон дар маҷмаа низоъ бархост.

"Дар ин низоъ шаҳрванд Т.Б., соли таваллудаш 1977 дар натиҷаи захми корд дар қафаси синааш фавтид. Шаҳрванди дигар М.А., соли таваллудаш 1988 маҷруҳ ва дар беморхона бистарӣ шуд", - хабар медиҳанд мақомоти пулуси Тошканд.

Ҳамаи касони дигаре, ки дар ин занозанӣ иштирок доштанд, аз сӯи пулис боздошт шудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG