Ссылки доступа

Ҷанг дар Бағлон. "Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат "Толибон"-ро ба ақибнишинӣ водор кардаанд"


Бино ба гузоришҳо, дар вилояти Бағлон ҷанг миёни нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон ва "Толибон" оғоз шудааст. Ҷангҷӯёни "Толибон" бо талафоти зиёд маҷбур шудаанд, аз ин мавзеъ ақибнишинӣ кунанд.

Дар ин бора оҷонси хабарии русии ТАСС бо такя ба манобеи худ рӯзи 12-уми сентябр иттилоъ дод.

Ба навиштаи оҷонсӣ, ҷанг миёни нерӯҳои муқовимат ва ҷангҷӯёни "Толибон" рӯзи якшанбе дар мавзеи Пули Ҳисори водии Андароби Бағлон, вилояти ҳамсоя бо Панҷшер, шуруъ шудааст. "Бо додани талафот "Толибон" маҷбур шудаанд, ин мавзеъро тарк кунанд, вале ҳанӯз даргириҳо идома дорад", -- гуфта шудааст дар хабар.

Соате пеш фармондеҳи маҳаллӣ Хайрмуҳаммади Андаробӣ бо тарафдоронаш дар як видео, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, аз озод шудани се ноҳияи ин минтақа хабар дод. Вай "Толибон"-ро ҳушдор дод, ки ҳамин гуна дар ҳамаи вилоят онҳоро шикаст хоҳад дод.

Гуруҳи "Толибон" ин хабарҳоро шарҳ надодааст.

Ҷангҷӯёни "Толибон" баҳори имсол, пас аз он ки Амрико эълон кард, нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мебарад, амалиёти ғасби минтақаҳаро дар ин кишвар ба роҳ монд. Рӯзи 15-уми август раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон гурехт. "Толибон" бе ҷанг шаҳри Кобулро ишғол карданд.

Сари кор омадани гурӯҳи "Толибон" дар Афғонистон, ки аз ҷониби Созмони Милал ва аксар кишварҳои ҷаҳон мамнуъ ва террористӣ шинохта шудааст, боис ба эҷоди нигарониҳои ҷиддӣ аз ояндаи ин кишвари ҷангзада шуд.

Муборизаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар водии Панҷшер бо ҷангиёни Толибон беш аз даҳ рӯз аст, ки идома дорад. Танқидҳо аз Созмони Милал ва баъзе аз кишварҳо торафт баландтар садо медиҳад, ки "афғонистониёни сулҳхоҳ"-ро бо таҳдиди "Толибон" танҳо гузоштаанд.

"Толибон" дар замони ҳукмронии солҳои 1996-2001 шеваи бисёр сахту бераҳмонаи раҳбариро пеша карда, аз ҷумла, ба хушунату куштор гунаҳкор мешаванд. Раҳбарияти гуруҳ мегӯяд, сиёсати онҳо дар бист соли охир тағйир кардааст, аммо сокинону ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар шаҳрҳои Афғонистон баёнгари чизи дигарест.

XS
SM
MD
LG