Ссылки доступа

Кумитаи амнияти Қирғизистон барои тақвияти амнияти киберии кишвар грант дарёфт мекунад


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои таъсиси маркази вокунишҳои фаврӣ ба ҳодисаҳои компютерӣ (SOC) аз Оҷонси Куриё дар умури байналмилалӣ (KOICA) грант дарёфт хоҳад кард.

Тавре хадамоти матбуотии кумита иттилоъ додааст, лоиҳаи мазкур ба тақвияти амнияти киберӣ дар Қирғизистон равона шуда, панҷ сол (аз 2021 то 2025) идома мекунад. Ба иҷрои он 5 млн доллар харҷ мешавад.

"Дар доираи ин лоҳиа таъсиси худи марказ, таъмин кардан бо таҷҳизот ва барномаҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифзи амнияти киберии ниҳодҳои давлатӣ ва рушди тавонмандии инсонӣ дар назар аст", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG