Ссылки доступа

Дар Туркманистон муҳоҷирон ва танфурӯшонро иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд


Маъмурони вилояти Балкани Туркманистон муҳоҷирон, қарздорон аз алимент, муътодони нушокиҳои спиртӣ ва танфурӯшонеро, ки дар рӯйхат қарор доранд, иҷборан ба пахтазорҳо мефиристанд.

Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, маъмурони пулис ин афродро барои суҳбат ба шуъба даъват карда, аз онҳо талаб мекунанд, ки дар ҷамъоварии пахта иштирок кунанд.

"Онҳоро иҷборан ба пахтазорҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Баракат ва Сардор, аз ҷумла ба хоҷагиҳои "Озодӣ", "Ёшлик" ва "Сарп" мефиристанд", - гуфтааст манбаи радио.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ, пулис ин иқдоми худро ҳамчун "корҳои ислоҳӣ" арзёбӣ мекунад.

Тибқи нақша, имсол дар Туркманистон бояд 1 миллиону 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад. Созмонҳои байналмилалии ҳомиии ҳуқуқ мақомоти Туркманистонро пайваста барои ҷалби иҷбории сокинон ба пахтачинӣ танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG