Ссылки доступа

Ду қазоқтабор дар додгоҳи Лондон гуфтанд, Чин чи гуна ақалиятҳоро шиканҷа мекунад


Баррасии парвандаи таъқиби намояндагони ақалиятҳои мусулмон дар минтақаи Шинҷони Чин 12 сентябр дар шаҳри Лондон идома кард. Дар он ду қазоқтабор – Бакитали Нур ва Оринбек Коксебек гуфтанд, ки дар урдугоҳҳои Шинчон намояндагони ақалиятҳои миллии Чин чи гуна шиканҷа мешаванд.

Нур гуфт, пулиси Чин соли 2017 ӯро барои "боздид аз кишваре, ки дар рӯйхати 24 давлати террористӣ қарор дорад" дастгир карда, ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ"-и Шинҷон фиристод.

Ба гуфтаи ӯ, пулиси Чин ҳамчунин ҳамсари вайро, ки дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ қарор дошт, ба исқоти ҳамл маҷбур кардааст.

"Дар онҷо бо ҷавоне рӯбарӯ шудам, ки дастонаш кор намекарданд. Ба ман гуфтанд, ки ӯро ту ба ҳоҷатхона бурда, меорӣ. Мо танҳо дар онҷо имкони суҳбат бо ҳамдигарро доштем. Вай гуфт, "маро ба ҷои номаълум бурданд ва чаҳор рӯз аз дастонам овезон будам. Дар аввал пойҳоям ба фарш намерасиданд ва вақтҳои охир ҳис мекардам, ки пойҳоям ба фарш мерасанд. Баъди ин дастони ман аз кор монданд". Вақте либосҳояшро иваз мекардам, баданаш пур аз изи шиканҷа буд", - афзудааст Нур.

Қазоқтабори дувум Оринбек Коксебек дар посух ба суолҳо дар мурофиа гуфтааст, беш аз чаҳор моҳ дар як урдугоҳи Шинҷон нигаҳдорӣ шудааст. "Маро танҳо барои надонистани забони чинӣ ба онҷо фиристоданд. Ман наметавонам, чи гуна шиканҷа шуданамро бо забон баён кунам", - изҳор дошт Оринбек Коксебек.

Мурофиаи дувуми парвандаи таъқиби ақалиятҳои миллӣ ва уйғурҳо дар Лондон рӯзи 10 сентябр оғоз шуд. Мурофиаи нахустин моҳи июни соли 2021 баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG