Ссылки доступа

2,5 ҳазор хонанда дар Алмато ба карантин гирифта шуданд


Дар пайи ошкор шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар 120 мактаби вилояти Алматои Қазоқистон 2,5 ҳазор хонанда ба карантин гирифта шуданд.

"Агар мубталошавии хонандае тасдиқ шавад, ҳамаи синфро ду ҳафта карантин мекунанд. Хонандагон баъди ду ҳафта дубора ба мактаб баргашта, дарсро шуруъ хоҳанд кард", - гуфт муовини раиси Алмато Ботирҷон Байжуманов.

Ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли хониш дар он вилоят ҷамъан 422 хонанда ва 47 омӯзгор ба коронавирус гирифтор шудааст. Ҳамчунин шумори умумии донишҷӯёне, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, ба 426 расидааст.

Низоми дарс дар аксари мактабҳои Қазоқистон аз 1 сентябр ба шакли пешин баргардонида шуд.

XS
SM
MD
LG