Ссылки доступа

"Намояндагони Афғонистон ба Душанбе намеоянд"


Шаҳри Душанбе, 13-уми сентябри 2021

"Намояндагони Афғонистон дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Душанбе ширкат намекунанд." Дар ин бора расонаҳои русӣ аз қавли Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи вижаи президенти Русия, хабар доданд.

Бахтиёр Ҳакимов, фиристодаи махсуси президенти Русия дар масъалаҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ба хабаргузори ТАСС гуфтааст, даъвати меҳмонон салоҳияти кишвари раисикунанда аст ва ба роҳбариятии қаблии Афғонистон даъватнома фиристода шуда буд. Давлати пешинаи Афғонистон бо фирори президент Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми август "суқут кард".

Намояндаи вижаи президенти Русия гуфтааст, кишварҳои узви созмон ҳоло дарк мекунанд, ки то омадани як ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон, ки аз ҷониби ҳама пазируфта шавад, "ягон асос барои даъват кардан вуҷуд надорад".

Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар СҲШ мақоми нозирро дорад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 12-уми сентябр рӯйхати меҳмонони нишасти СҲШ-ро нашр кард, ки дар он аз намояндагони Афғонистон ном бурда нашудааст.

Сарфи назар аз ширкат надоштани намояндагони Кобул мавзӯи асосии гуфтугӯи роҳбарони кишварҳои минтақа вазъи Афғонистон хоҳад буд.

Қарор аст, рӯзи 17-уми сентябр роҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бори аввал якҷо мулоқот карда, мавзӯи Афғонистонро баррасӣ кунанд. Баъди ба қудрат расидани «Толибон» дар Афғонистон мавқеи кишварҳои узви СҲШ дар ин мавзуъ гуногун аст.

Узбекистон ва Чин аз таъсиси ҳукумати "Толибон" истиқбол карданд, аммо Тоҷикистон шадидан мухолиф аст ва мегӯяд, бояд ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ба назар гирифта шавад.

Барои иштирок дар нишасти сарони СҲШ ва СПАД роҳбарони 12 кишвари минтақа ба Душанбе сафар мекунанд. Аз ҷумла, Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури нави Эрон, аввалин сафари хориҷиашро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад. Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст, дар поёни ҷаласаи роҳбарони СҲШ раванди қабули Ҷумҳурии Исломӣ ба узвияти созмон оғоз хоҳад шуд.

Эрон солҳо боз дар СҲШ ҳамчун кишвари нозир аст ва талош дорад, ба узвияти созмони минтақаӣ ворид шавад. Дар гузашта мақомоти Теҳрон гуфтанд, раванди қабули Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бинобар мухолифати баъзе аз кишварҳо ба таъхир уфтод.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз меҳмонони дигари Душанбе дар ҳафтаи равон хоҳад буд. Қарор аст, Путин 15-уми сентябр вориди Душанбе шуда, бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ кунад. Мақомот аз имзои 20 санади нав дар ҷараёни ин сафар хабар доданд, аммо ҷузъиёти ин созишномаҳо расман эълон нашудааст.

Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирон барои имзо омодааст. Ҷузъиёти бештар аз сафари Владимир Путин ин аст, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ дар маросими гузоштани санги асоси панҷ мактаби русӣ ширкат мекунанд. Қарор аст, ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода бунёд шаванд.

Си Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин ва аз роҳбарони кишварҳои таъсиргузор дар СҲШ ба Душанбе намеояд. Ӯ дар мулоқоти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба таври маҷозӣ ширкат мекунад.

Пойтахти Тоҷикистон барои баргузории ду нишасти муҳими минтақавӣ омода мешавад. Аз ҳоло шиору овезаҳои марбут ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар хиёбони Душанбе насб шудаанд. Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ хабар дод, ки аз 15 то 18-уми сентябр ҳаракат дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва Айнӣ манъ мешавад.

БДА аз сокинони минтақаҳои кишвар даъват кардааст, ки давоми ин рӯзҳо бидуни зарурат бо нақлиёт вориди Душанбе нашаванд.

Дар Душанбе 9 президент тақдири Афғонистонро баррасӣ мекунанд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:38 0:00

Манъи корҳои сохтмонӣ ҳам яке аз чораҳои дигар дар робита ба нишастҳои СҲШ ва СПАД аст. Намояндагони чанд ширкати сохтмонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шаҳрдории Душанбе дастур додааст, ки то 19-уми сентябр ҳама гуна корҳои сохтмониро қатъ кунанд. Мушоҳидаи мо аз чанд сохтмонҳо нишон дод, ки коргарон дар ҷойи кор набуданд.

Нишасти роҳбарони СҲШ дар шароити ҳозира барои минтақа бахусус Афғонистон муҳим гуфта мешавад. Чун дар ин нишаст роҳбарони чанд кишвари таъсиргузор дар умури Афғонистон аз ҷумла Покистон, Ҳиндустон, Чин, Русия ва Эрон ширкат хоҳанд кард.

Маълум нест, ки роҳбарони кишварҳои минтақа бар сари масъалаи Афғонистон ва ҳукумати Толибон ба чӣ хулоса мерасанд. Ҳамчунин, рӯшан нест, ки баъд аз ин нишаст мавқеи оштинопазири Тоҷикистон дар баробари ҳукумати Толибон то куҷо тағйир мекунад.

XS
SM
MD
LG