Рӯзи 10 сентябр расонаҳо навиштанд, ки танҳо дар мурдахонаи Чоганлии Ишқобод аз 200 то 300 фавтидаро овардаанд.
Сарфи назар хомушии мақомоти Туркманистон, коронавирус дар он кишвар бедод мекунад. Ба иттилои сокинон, ташхисҳо мавҷудияти навъи "делта"-и каронавирусро тасдиқ мекунанд.
Рӯзи 13 сентябр сокинони Ишқобод гуфтанд, ҳамаи беморхонаҳо аз гирифторони коронавирус пур буданд.
Айни замон дар Туркманистон карантини ғайрирасмӣ ҷорӣ шудааст. Ҳамаи иншооти тиҷорӣ, хизматрасонӣ ва дилхушӣ баста шудааст.