Ссылки доступа

Боздошти ду муҳоҷир баъди таҷаммуи сокинони вилояти Москва


Народный сход (иллюстративное фото)
Народный сход (иллюстративное фото)

Сокинони деҳаи Бужаниновои ноҳияи Сергиев Посади вилояти Москва дар куштори зани пиронсол муҳоҷирони кориеро, ки дар як ширкати маҳаллӣ кор мекунанд, айбдор менамоянд.

Ин зани нафақахӯр 12 сентябр барои чидани замбуруғ ба ҷангал рафта, бедарак шудааст. Дертар ҷасади вайро дар наздикии роҳи оҳан пайдо карданд. Нашрияи маҳаллии "Копейка" номаи сокинони Бужаниноворо нашр кард, ки дар он гуфта шудааст, "муҳоҷирон занро таҷовуз карда, ба қатл расондаанд".

Садҳо сокини деҳаи мазкур шоми 13 сентябр дар назди хобгоҳи муҳоҷирон бо талаби муҷозоти дастандаркорони куштор ҷамъ шуданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки сардори пулиси минтақа ба назди онҳо биояд. Бинои хобгоҳро кормандони пулис иҳота карданд.

Пулиси маҳаллӣ дертар хабар дод, ки бо гумони куштори зан "ду сокини кишварҳои ҳамсоя, соли таваллудашон 1984 ва 1988" боздошт карда шудааст. Зидди онҳо бо банди куштор ва таҷовуз айб эълом гаштааст.

Раҳбари Сергиев Посад гуфтааст, мақомоти маҳаллӣ талош мекунанд, ки хобгоҳи муҳоҷирон дар Бужанинов баста шавад.

XS
SM
MD
LG