Як сокини ноҳияи Музрободи Узбекистон шаби 12 сентябр хабар дод, ки як гуруҳи фирориёни Афғонистон вориди ҳудуди Узбекистон шудаанд.
"Шаби 12 сентябр, тақрибан соатҳои 2 шаб, дар ноҳияи Музробод як гуруҳи афғонҳо дида шуданд. Онҳо дари сокинонро куфта, нон пурсиданд. Ҳоло сарбозон дар кӯчаҳои ноҳия навбатдорӣ мекунанд ва хонаву таҳхонаҳоро мекобанд", - гуфт сокини ноҳияи Музробод.
Ба гуфтаи вай, афғонҳо бо ҳамаи роҳҳои мумкин талош доранд, ки вориди Узбекистон шаванд.
Пештар аз ин мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки бо ҳаракати "Толибон" рабитаи наздик доранд.
Embed
share
Embed
share
The code has been copied to your clipboard.
The URL has been copied to your clipboard
No media source currently available
Загрузить файл