Ссылки доступа

Обанбори Токтогули Қирғизистон интиқоли обро кам кард


Обанбори Токтогули Қирғизистон рӯзи 14 сентябр интиқоли об ба кишварҳои поёноб - Узбекистону Қазоқистонро 137 метри мукааб дар сония муқаррар кард.

Ин нишондод нисбати як соли пеш ду баробар камтар аст. Соли гузашта дар ин мавсим интиқоли об 268 метри мукаабро ташкил медод.

Қирғизистон маҷбур шудааст, ки ба далели камобӣ интиқоли обро кам кунад. Айни замон дар обанбори Токтогул 12,1 млрд метри мукааб об мавҷуд аст. Дар ҳоле, ки Қирғизистон барои бе мушкил пушти сар кардани зимистон ба 16-17 млрд метри мукааб об дар Токтогул ниёз дорад. Як соли пеш миқдори об дар он обанбор 15,1 млрд метри мукаабро ташкил медод.

Талайбек Бойғозиев, раиси ширкати "Холдинги миллии энержии Қирғизистон" пештар аз ин огоҳ карда буд, ки ҳатто бо назардошти воридоти барқ аз хориҷ шуруъ аз 1 октябр, дар обанбори Токтогул на бештар аз 12,3 млрд метри мукааб об ҷамъ хоҳад шуд. Бино ба ҳисобҳои вай, баъди зимистони пешорӯ, то 1 апрели соли 2022 сатҳи об дар обанбор то ба 6 млрд метри мукааб пойин хоҳад омад. Ин қариб ки "сатҳи фалокат" аст, ки дар ин сатҳ неругоҳи Токтогул - манбаи асосии таъмини Қирғизистон бо неруи барқ - аз кор хоҳад монд.

Қирғизистон ҳамасола ба 15 млрд кВт/соат барқ ниёз дорад. Барои кам кардани харҷи об Қирғизистон аз Узбекистону Қазоқистон барқ мехарад.

XS
SM
MD
LG