Дар сомонаи гуруҳ гуфта шудааст, ки сиёсатмадори мухолифи рус ва яке аз муборизони зидди фасодкорӣ дар Русия бо ташкили иқдомҳои ҷамъиятии бузургу иштирок дар муборизаҳои сиёсӣ барои ислоҳот ва зидди президенти он кишвар Владимир Путин шуҳрати байналмилалӣ касб кардааст. Муаллифон Алексей Навалнийро шахсе номидаанд, ки аз вай Путину ҳукуматаш метарсанд.
Узви гуруҳ ва порлумони Аврупо Ги Верхофстадт (сарвазири пешини Белгия) гуфтааст, Навалний барои чизҳое аз қабили демократия, волоияти қонун ва озодӣ мубориза мебарад, ки Иттиҳоди Аврупо ба онҳо исрор меварзад. Ба гуфтаи ӯ, Навалнийро аксари шаҳрвандони Русия ҷонибдорӣ мекунанд, вале аз изҳори назар дар ин замина ҳарос доранд.
Навалнии 45-сола як сол пеш баъди он ки аз заҳролудшавӣ аз ҳуш рафт, давоми ним сол дар як беморхонаи шаҳри Берлини Олмон муолиҷа гирифт. Вақте баъди хатми табобат ба Русия баргашт, ӯро барои нақзи қарори додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартӣ ба 2,5 сол зиндонӣ карданд. Навалний гуфт, ки дар заҳролудшавии ӯ Путин гунаҳгор аст, вале Кремлин ин иттиҳомотро рад мекунад.
Ҷоизае бо арзиши 50 ҳазор евро соли 1988 ба номи донишманди физикдони шӯравӣ Андрей Сахаров барои қадрдонии шахсиятҳову созмонҳои муборизи ҳуқуқи башар таъсис дода шудааст.