Ссылки доступа

Русия алоқаи "корбарони одӣ"-ро дар ҳолатҳои изтирорӣ қатъ мекунад


Вазорати рушди рақамӣ ва иртиботи умуми Русия лоиҳаи қарореро таҳия кардааст, ки иҷозат медиҳад, то алоқаи "корбарони одӣ" дар ҳолатҳои изтирорӣ" қатъ карда шавад.

Ба назари муаллифони лоиҳа, ин кор барои мубориза бо сарборӣ дар шабакаҳо ва "фароҳам кардани имкон барои корбарони афзалиятнок, ки бояд барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода чораҳои таъхирнопазир андешанд", зарур мебошад.

"Корбарони афзалиятнок" онҳое шумурда шудаанд, ки дар вазоратҳои дифоъ, умури дохилӣ, адлия, ҳолатҳои фавқулода, хадамоти махсус, муҳофизин, Росгвардия ва иктишофӣ кор мекунанд.

Бар асоси ин қарор, ҳама гуна навъи хидматрасонии мобилӣ ва иртибот, сарфи назар аз шакли моликияти ширкати хадамотрасон дар ҳолатҳои изтирорӣ дар Русия қатъ карда мешавад.

Интизор меравад, қарор аз 1 марти соли 2022 ба иҷро даромада, шаш сол амал кунад.

XS
SM
MD
LG