Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон нагуфтанд, чаро ба муҳаққиқи "урдугоҳҳои Чин" иҷозаи вуруд надоданд


Евгений Бунин
Евгений Бунин

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КАМ) аз шарҳи сабабҳои иҷоза надодани вуруд ба муҳаққиқи "урдугоҳҳо"-и Шинҷони Чин Евгений Бунин худдорӣ кард.

Евгений Бунин, муҳаққиқи 36-солаи рустабори амрикоӣ, ки дар бораи таъқиби мусалмонҳои Шинҷон иттилоъ ҷамъ меорад, натавонист, вориди Қазоқистон шавад.Созмони ҳомии ҳуқуқи байналхалқии Human Rights Watch (HRW) аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ба Бунин иҷозаи вуруд ба Қазоқистонро бидиҳанд.

Рӯзи 4 сентябр ӯро аз фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ихроҷ карданд. Вай аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Қазоқистон рафта буд. Ба вай гуфтанд, вурудаш барои 5 сол манъ аст.

"Манъи вуруди Бунин - ин марҳилаи охири вокуниши Қазоқистон ба таъқибҳои Чин дар Шинҷон аст. Ҳукумати Қазоқистон бояд ин мамнуиятро бекор ва ба Бунин имкони амалисозии пажуҳишашро фароҳам оварад", - гуфт Хю Улиямс, як масъули (HRW).

"Баъди як моҳи дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон будан, имрӯз ба Алматои Қазоқистон омадам. Дар гумруки фурудгоҳ ба ман иҷоза гузар надоданд. Баъдтар шарҳ доданд, ки вуруди ман барои 5 сол манъ шудааст", - навишт Бунин дар Фейсбук.

Чанд соли охир Евгений Бунин масълаи таъқиби ақалиятҳоро дар Чин ба баррасӣ гирифта, дар ин бора дар расонаҳои байналхалқӣ мақола таҳия мекунад ва таваҷҷуҳи созмонҳои байналхалқиро ба ин мавзуъ ҷалб месозад.

Бунин пойгоҳи иттилоотии қурбониёни урдугоҳҳо ва зиндонҳои Шинҷон - Shahit.biz-ро таъсис додааст. Аз ин пойгоҳ рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ истифода мекунанд.

Соли гузашта Узбекистон низ ба Бунин иҷозаи вуруд ба қаламравашро надода буд.

Ба иттилои СММ, дар Шинҷони Чин миллионҳо одам ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" ва ҳазорон каси дигар бо айбҳои беасос зиндонӣ шудаанд. Инҳо ақалиятҳои миллӣ буда, бештарашон мусалмон ҳастанд. Пекин урдугоҳҳоро "марказҳои касбомӯзӣ" унвон ва фаро гирифтани сокинонро дар он ҷо "мубориза бо тундгароӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG