Ссылки доступа

Миёни кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодӣ болотарин таваррумро Қирғизистон дорад


Миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё болотарин таваррум ё беқурбшавии пули миллӣ дар Қирғизистон мушоҳида мешавад.

Ба иттилои Бонки миллии Қирғизистон, дар моҳи августи соли 2021, дар муқоиса ба моҳи декабри соли 2020, таваррум дар Қирғизистон 6,2%-ро ташкил додааст.

Кумитаи омори Қирғизистон пештар хабар дода буд, ки дар он кишвар қимати марҷумак (гречка), лиму ва равғани растанӣ бештар аз маҳсулоти дигар гарон шудааст.

Бонки миллии Қирғизистон гуфт, дар нимаи дувуми соли 2021 тамоюли болоравии қимати маҳсулот боқӣ мемонад, зеро "болоравии қимати маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ ва ба таври маҳдуд арза шудани он дар кишварҳои истеҳсолгар нигаҳ дошта мешавад".

XS
SM
MD
LG