Ссылки доступа

Таҳқиқот: даҳҳо млн доллари бунёди некуаҳволии Узбекистонро ба хеши Мирзиёев додаанд


Айбек Умаров с матерью Гюзяль Умаровой

Як ширкати марбут ба хеши президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз бунёди давлатии некуаҳволии он кишвар даҳҳо миллион доллар дарёфт кардааст.

Ба иттилои сомонаи расмии бунёд, ҳаҷми сармояи он соли гузашта ба 25 миллиард доллар расидааст. Ин пулҳо, ки аз сӯи давлат сармоягузорӣ мешаванд, барои рушди бахшҳои асосии иқтисод ва таъмини некуаҳволии Узбекистон пешбинӣ шудаанд. Вале таҳқиқоти бахши туркмании Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Кристиан Лассетт нишон додад, ки аксари пулҳои давлатиро ширкати "Orient Group" гирифтааст.

Ласслетт сабади сармоягузории UOIC дар Узбекистонро барои солҳои 2016-2020 таҳқиқ кардааст. Тавре маълум шуд, 86 дарсади (161 миллион) маблағи умумии бунёд дар давраи мазкур ба корхона ва лоиҳаҳои марбут ба ширкати "Orient Group" равона карда шудааст.

Ба "Orient Group" 58 ширкат шомил мешавад, ки дар бахшҳои гуногун бо шумули бахши бонкдорӣ, сохтмон, савдо ва варзиш фаъолият мекунад. Бахши узбекии Радиои Озодӣ бо UOIC ва Orient Group муроҷиат кард, вале ба номаҳои худ посух нагирифт.

Тавре таҳқиқот нишон дод, ширкати "Orient Group", ки ба Ойбек Умаров, хеши Мирзиёев тааллуқ дорад пулро тавассути сармоягузори асосии худ - ширкати сармоягузории Узбекистону Уммон (UOIC) гирифтааст.

Ойбек Уммаров - бунёдгузор ва саҳоми ширкати "Orient Group" бародари хурдии домоди президенти Узбекистон Отабек Умаров аст, ки бо духтари хурдии Мирзиёев Шаҳноза Мирзиёева издивоҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG