Раиси порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматуллин гуфтааст, лоиҳаи қонун "Тасвиби созишнома байни ҳукуматҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар бораи мусоидати техникию низомӣ барои таъмини амният дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон" номгузорӣ шудааст.
Ба гуфтаи Куспан, созишномаи мазкур 12 июли соли 2021 дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ба имзо расидааст.
"Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки ройгони техникӣ ва низомӣ мерасонад. Комиссия омодааст, хулосаҳои худро роҷеъ ба лоиҳаи қонун баён кунад", - изҳор дошт вай.