Ссылки доступа

Ронандагони тоҷик чашм ба роҳи корфармо (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ронандагони тоҷик чашм ба роҳи корфармо. Омадани Толибону пандемия сабаби кам шудани кори ронандагони мошинҳои боркаш дар Тоҷикистон шуд. Онҳо мегӯянд, даромади хонаводаҳояшон низ каму зиндагӣ сахт шудааст. (видео)

- Маркази равонпизишкии Кӯлобро мекӯчонанд. Мақомот дар Кӯлоб шифохонаи наве сохтаанд ва мехоҳанд, гирифторони бемориҳои равониро низ онҷо муолиҷа кунанд. Табибон мегӯянд, шифохонаи нав шароити муносиб барои нигаҳдории ингуна беморон надорад. (видео)

- Модари Хуршеда мехоҳад, гунаҳкорони марги ҷигарбандаш ҷазо гиранд. Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани келинаш парванда боз намудааст. Мақомот мегӯянд, Хуршедаи 25-сола сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Модараш мегӯяд, духтарашро дар хонаи хушдоман куштаанд. (видео)

- Сокинони Кобул ашёи хонаашонро мефурӯшанд, то нон харанд. Дар Афғонистон бо омадани Толибону бесарусомонӣ зиндагии мардум сахттар шудааст. Ҳоло баъзе аз мардум маҷбуранд, ашёи хонаҳояшонро фурӯшанд, то барои нон пул дошта бошанд (видео)

- "Вақте онҳоро мебинӣ, метарсӣ. Мӯйлаб ин хел, худаш ин хел". Баъди ишғоли Афғонистон аз тарафи Толибон орзуҳои ҳазорон сокини ин кишвар барбод рафт. Аз тарси кушта шудан, онҳо бо даст додани аввалин имконият ватанро тарк карданд, бо дасти холӣ ва пулу васоиле. Сарнавишти ду нафари онҳоро дар ин гузориш бубинед. (видео)

- Сайёҳи қатариро нагузоштанд, ки аз Душанбе равад. Субҳи 4-уми сентябр ба як сайёҳӣ қатарӣ, ки бо нӯҳ паррандаи шоҳин аз Тоҷикистон қасди сафар ба Дубай ва аз он тариқ ба Қатарро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе иҷозаи парвоз надоданд (видео)

- Парвиз Муллоҷонов: Бо шиками гурусна демократия намешавад (видео)

- Ҷавонон дар бораи Рӯзи Истиқлол чӣ медонанд? (видео)

- Кӣ шомили афв мешавад? Шарҳи қонуни нав. Бо қабули қонуни афв роҳ ба озодии беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳамвор шудааст. Бар илова, муҳлати ҷазои қариб 6 ҳазор каси дигарро кам мекунанд. Аммо суолу норӯшаниҳо дар бораи ин санад ҳамчунон зиёд аст (видео)

- Чӣ шуд, ки нархи роҳкиро боло рафт? Дар Душанбе арзиши роҳкиро ба ноҳияҳои дуру наздик боло рафтааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо ронандагони таксиву мусофирону мақомот суҳбат карданд ва аз онҳо сабабҳои болоравии нархро пурсиданд (видео)

- Коршиносони тоҷик мегӯянд, ишғоли Панҷшер поёни қазияи Афғонистон нест. Коршиносони тоҷик мегӯянд, ишғоли Панҷшер поёни қазияи Афғонистон нест. Дар ин бора Муллораҷаб Юсуфӣ ва Нигораи Фазлиддин гузориш медиҳанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG