Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон аз кашфи як "корхона"-и таҳияи асноди қалбакии тиббӣ хабар доданд


Дар шаҳри Петропавлови Қазоқистон дар як манзили зист "корхонаи ғайриқонунӣ"-и таҳияи асноди тақаллубии тиббӣ ошкор шуд. Дар ин бора Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 16 сентябр хабар дод.

Ба иттилои Кумитаи амнияти он кишвар, дар он манзил асноди ташхиси коронавирусро ҳам таҳия мекарданд. Ҳамчунин асноди табобати фаврӣ дар хориҷи Қазоқистон ҳам тақаллуб мешудааст.

Ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ, ба иттилои кумитаи амният, барои убури бе монеаи марз бо Русия дар даврае, ки маҳдудияти карантинӣ ҷорӣ буд, таҳия мешуд.

Мақомот аз он манзил муҳрҳои тақаллубии муассисаҳои тиббии Русия ва Қазоқистон, маблағ ва асноди дигар дарёфт кардаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" парванда боз шудааст.

Рӯзи 15 сентябр дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон додгоҳ як пизишк ва ҳамсари ӯро бо айби фурӯши ташхисҳои тақаллубии коронавирус маҳкум кард. Зану шавҳар мутаносибан 1300 долларӣ ҷарима шуданд. Пештар аз ин пулиси вилояти Мангистауи Қазоқистон аз боздошти 7 кас бо гумони тақаллуби шаҳодатномаҳои воксинзанӣ боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG