Ссылки доступа

Алмос Сарибоев - тоҷири маъруфи қирғизистонӣ бо гумони ғасби ҳукумат боздошт шуд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 15 сентябр чанде аз сиёсатмадоронро дар доираи парвандаи ғасби худсаронаи ҳукумат бозпурсӣ кардааст.

Дар доираи ин парванда ҳамчунин узви пешини шӯрои мудирони бонки "Толубой" Алмос Сарибоев рӯзи 15 сентябр боздошт шудааст. Бо гумони ғасби худсаронаи ҳукумат Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон низ боздошт шуд.

Пештар аз ин дар интернет садое нашр шуд, ки гӯё гуфтугӯи Асанов бо Сарибоев будааст. Дар он гуфтугӯ номи вакили порлумон Жанарбек Акаев, вазири пешини корҳои дохилӣ Мелис Турганбоев зикр мешавад. Асанов садоро "тақаллубӣ" унвон кард.

XS
SM
MD
LG