Ссылки доступа

Блогери узбек дар бемористон даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, заҳролуд шудааст


Кокандский блогер Икбол Камилджанов. Фото из соцсетей.
Кокандский блогер Икбол Камилджанов. Фото из соцсетей.

Блогер аз шаҳри Қӯқанди Узбекистон ва масъули гуруҳи фейсбукии "Qo’qonjonim" Иқбол Комилҷонов, ки мушкилоти шаҳрро бозтоб мекард, 15 сентябр дар беморхонаи вилояти Фарғона даргузашт.

Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии Фарғона Хусан Мамаҷонов хабар додааст.

Ба гуфтаи Мамаҷонов, Комилҷонов 7 сентябр дар ҳолати вазнин ва нишонаҳои илтиҳоби шуши дутарафа дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ карда шуда буд. Блогери узбек гӯиё ҳамчунин аз бемории қалб, қанд ва нафастангӣ ранҷ мекашидааст.

"Мутаассифона, сарфи назар аз ҳамаи талошҳои мо бемор даргузашт", - изҳор дошт сардори раёсат.

Хоҳари блогер Шоира Комилҷонова мегӯяд, эҳтимол дорад, бародараш заҳролуд шуда бошад. Ба гуфтаи ӯ, Комилҷонов аз дарди сахти шикаму рӯда шикоят дошт ва бо "пои худаш" ба беморхона рафта буд.

"Як рӯз баъд гуфтанд, ки бемории ӯ ба заҳролудшавӣ монанд аст. Дертар табиб баромада, гуфт, ки бародари ман ба коронавирус мубтало шудааст. Вале санҷишҳои он рӯз манфӣ баромаданд. Вақте бародарамро ба беморхона бурдем, на месулфид ва на тасф дошт. Ҳатто нишонаҳои илтиҳоби шушро ҳам надошт", - афзуд Комилҷонова.

Сардухтури Фарғона Одил Умаров гуфт, хабари заҳролудшавии блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ асос надорад ва ӯ нишонаҳои ин навъи бемориро надошт.

XS
SM
MD
LG