Ссылки доступа

Бедодгариҳои коронавируси "Делта" дар Туркманистон


Хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркманистон аз афзоиши шумори мубталоёни коронавирус ва талабот ба тестҳои озмоиши ин вирус дар он кишвар хабар медиҳанд.

"Вазъ буҳронӣ аст ва ҳоло ба авҷи беморӣ нарасидаем. Шумори беморон ҳам кам намешавад. Шакли "Делта"-и коронавирус бедодгарӣ мекунад. Бештари беморон кудакони аз 1 то 5-сола ҳастанд", - изҳор дошт як манбаи радио 16 сентябр.

Ба гуфтаи манбаъ, талабот ба санҷиши коронавирус ҳам дар ин кишвар афзоиш ёфта, кормандони озмоишгоҳҳо маҷбур ҳастанд, дар се навбат кор кунанд. Кормандони тиббии Туркманистон мегӯянд, натиҷаи аксари санҷишҳо мусбат мебарояд.

Бештари беморон барои супоридани санҷиш, ки 100 манат ё 28,5 доллар арзиш дорад, ихтиёран муроҷиат мекунанд.

Бино ба фарзияҳои расмӣ, дар Туркманистон аз аввали пандемия то ҳол ягон кас ба коронавирус мубтало нашудааст.

XS
SM
MD
LG