Ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии 50 дар деҳаи Нижний-Наврӯзи вилояти Чуй нигаҳдорӣ мешавад.
Бино ба гуфтаи мақомоти қирғиз, Асанов гӯиё барои ғасби қудрат дар он кишвар бо шахсони дигар "омодагии сахт" медид. Зидди вай бо банди "Ғасби хушунатомези ҳукумат" айб эълом карда шудааст.
Пеш аз боздошти Асанов сабти гутугӯи телефоние дар Интернет нашр шуд, ки гӯиё дар он муовини пешини вазири умури дохилии Қирғизистон бо Алмос Сарибоев суҳбат мекунад. Худи Сарибоев, ки узви шӯрои мудирони бонки "Толубай" буд, ҳабс шудааст.
Вакилони дифои Асанов гуфтанд, ӯ гуноҳе надорад ва бар асоси иттилои дуруғ дастгир шудааст.