Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон дар бораи муколама бо "Толибон" гуфт


Саммит ОДКБ в Душанбе, 16 сентября 2021 года

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, барои ҳарчи зуд ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ба зарурати гуфтугӯ бо намояндагони ҳукумати нав дар ин кишвар таъкид кард.

Гуруҳи "Толибон" пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ моҳи август дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. То кунун ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро, ки "аморати исломӣ" меномад, эътироф накардааст.

Ҷабборов рӯзи 16-уми сентябр дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Душанбе гуфт: "Мо барои ҳарчи зуд ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ва ташкили ҳукумати нави фарогир, ки ба ҳама мардуми ин кишвар қобили қабул бошад, умед дорем."

Ӯ ҳамзамон ба пойбандии Қирғизистон ба муносибатҳои дӯстона бо Афғонистон ва дахолат накардан ба корҳои дохилии он таъкид кард, аммо гуфт, "ташкили давлати динӣ дар минтақаи мо бешак ба вазъи кишварҳои узви СПАД таъсир мерасонад".

Нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ дар шароите баргузор мешавад, ки баъди ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон нигарониҳо аз ин кишвар бештар шудааст.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст", вале онро як созмони зери нуфузи Русия меноманд.

XS
SM
MD
LG