Ссылки доступа

Ба шахсони воқеӣ дар Узбекистон иҷозаи амалиёт бо асъори хориҷиро доданд


Ба шахсони воқеӣ дар Узбекистон иҷоза шуд, ки бо асъори хориҷӣ доду гирифт кунанд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора рӯзи 14 сентябр қарор содир кард.

Бино ба як қарори дигари Мирзиёев, аз соли 2017, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар Узбекистон иҷоза шуда буд, ки аз бонкҳои тиҷорӣ бидуни маҳдудият асъори хориҷӣ бигиранд.

Дар асоси он қарор, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ имкони хариду фурӯши асъори хориҷиро пайдо карда буданд.

Аммо то ин замон дар Узбекистон қонуне мавҷуд надуб, ки доду гирифтро бо асъори хориҷӣ иҷоза диҳад.

XS
SM
MD
LG