Ссылки доступа

Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба Панҷшер кумак кунанд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз вазъи Афғонистон, бахусус дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуруҳи Толибонро ба султалабӣ муттаҳам кард.

Оқои Раҳмон дар ин нишаст гуфт, алорағми буҳрони Афғонистон, гуруҳи Толибон талош дорад як ҳукумати султаталабро ташкил кунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назди роҳбарони СҲШ, аз вазъият дар дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуфт, “дар ҳоли ҳозир Панҷшер дар муҳосираи комил аст.” Ӯ аз роҳбарони Созмони миллал ва Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дархост кард, ки ба мардуми Афғонистон кӯмак кунанд. Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи Толибонро ба бастани роҳи кӯмакҳои башардӯстона ба дараи Панҷшер танқид кард, ҳарчанд ин гуруҳ чунин даъвоҳоро рад мекунад.

“Низоми сиёсӣ дар Афғонистон бояд бар асоси майли мардум бошад, бидуни ягон дахолат аз ягон кишвар ва дикта кардани навъи сохтори сиёсӣ. Бидуни ҳузури ҳамаи гуруҳҳо ташкил кардани ҳукумат дар Афғонистон метавонад вазъиятро бадтар кунад. Бинобар ин дар назар бигирем, ки ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукуматро таин кунанд,"-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Як рӯз пеш, 16-уми сентябр ҳам дар ҷалассаи сарони СПАД дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, “Толибон” бархилофи ваъдаи додаашон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир “аморати исломӣ бо қоидаҳои сахтгиронаи шариат бо қоидаҳои асримиёнагӣ” ташкил кардааст. Аммо гуруҳи “Толибон” ҳукумати худро, ки рӯзи 7-уми сентябр эълон шуд, ҳамашумул мехонанд.

Афғонистон ва чолишҳои амниятӣ барои минтақа аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи роҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе аст.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон зимни суҳбат дар нишасти сарони СҲШ хостори ташкили як марказ барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон шуд. Тоқаев гуфт, Қазоқистон омода аст, ки ин марказро дар шаҳри Алмато ташкил кунад.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон вазъияти Афғонистон кишварҳои минтақаро дар баробари хатари ҷиддӣ қарор додааст ва онҳо бояд ба ин вазъи тағййирёбанда омода бошанд.

“Қазоқистон ояндаи Афғонистонро ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил мебинад, ки дар сулҳ зиндагӣ кунад. Дар ин замони тақдирсоз созмони ҳамкориҳои Шонгҳой метавонад барои ба даст овардани сулҳ дар Афғонистон нақши бисёр фаъолона дошта бошад. Мо бар ин назар ҳастем, ки барои аз байн бурдани маводи мухаддир ва ҳамчунин муҳоҷирати беназорат аз Афғонистон бояд кор кунем. Бояд ба мардуми Афғонистон, ки ҳоло ба мушкилот рубарӯ шудаанд, кӯмак расонем,”--гуфт Тоқаев.

Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, ки дар ин нишаст маҷозӣ ширкат дошт гуфт, ифротгароӣ яке аз мушкилиҳои асосии минтақа аст ва шароити пешомада дар Афғонистон, ин мушкилро вазнинтар кардааст. Нахуствазири Ҳинд таъкид кард, ки кишварҳои узви СҲШ дар масъалаи Афғонистон дастабакор шаванд. Моди ҳамчунин гуфт, “мо дар минтақа шоҳиди маҳви фарҳанг ва арзишҳо ҳастем.”

Син Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин ҳам дар ҷаласаи роҳбарони СҲШ ҳарчанд аз ҳеч кишвари мушаххасе ном набурд, аммо аз таҳримҳои ҷоришуда барои додугирифти иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯз интиқод кард. Ӯ гуфт, ҳамагуна монеа барои бозаргонӣ, тиҷорат ва фанновариҳо бояд бардошта шаванд ва ин фурсатҳо барои ҳама фароҳам шавад.

Раиси ҷумҳури Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, ки “паҳлуи ҳамдигар истанд” ва нагузоранд, ки кишварҳои созмон мавриди таҳоҷуми кишварҳои дигар қарор гиранд. Ишораи раиси ҷумҳури Чин зоҳиран ба кишварҳои Ғарбӣ буд.

Тамаркузи Си Ҷин Пин ҳам дар баромадаш бештар ба масъалаи Афғонистон буд ва ӯ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чолишҳои пешомада дар Афғонистон бояд ҳамоҳанг кор кунанд.

“Бояд Афғонистонро ташвиқ кунем, ки давлати фарогир мустақар кунад. Давлате, ки дар ҳама масъалаҳо, аз ҷумла сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ миёнарав аст. Бояд ба ҳама гуна шаклҳои терроризм муқобила кунем. Талош кунем, ки Афғонистон масири сулҳу суботро тай кунад,”-афзуд раиси ҷумҳури Чин.

Си Ҷин Пин ҳамчунин дар масъалаи пандемия ва пайомадҳои он батафсил суҳбат кард ва гуфт, Пекин дар панҷ соли оянда барои рушди тиҷорат дар кишварҳои ҳавзаи Шонгҳой миллионҳо доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҷин Пин ҳамчунин аз ташкили ҳазорҳо ҷойи таҳсил барои шаҳрвандони узви кишварҳои СҲШ аз сӯи Чин хабар дод.

Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунин гуфт, дар ҷаласаи имрӯз Эрон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмонҳои Ҳамкориҳои Шонгҳой қабул мешавад.

Толибон рӯзи 15-уми август пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон Кобулро тасарруф карданд. Бад ин тартиб, ба ҷуз вилояти Панҷер тамоми манотиқи Афғонистон таҳти тасарруфи онҳо даромад. Ҳукумати ташкилкардаашонро “Аморати исломии Афғонистон” номидаанд. Дар ин ҳукумат ҳеҷ зане мақом надорад ва Толибон дар нахустин иқдом ҳуқуқи занро ба кору таҳсил маҳдуд карданд. Ин амал боиси эътирози афғонистониҳо дар дохил ва хориҷ аз кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG