Ссылки доступа

Хешовандони сарҳанги пешин аз президенти Узбекистон озодии ӯро аз зиндон хостанд


Хешовандони Иброҳим Деҳқонбоев, сардори пешини раёсати хадамоти амнияти давлатии вилояти Қашқадарёи Узбекистон аз президент он кишвар хостанд, ки Деҳқонбоевро аз зиндон озод кунад.

Хешовандон мегӯянд, Деҳқонбоев дар зиндон аз ҳаққи гирифтани нома ва ирсоли он инчунин тамоси телефонӣ маҳрум аст.

Деҳқонбоевро дар доираи парвандаи пурсарусадои кормандони хадамоти амнияти Узбекистон дар соли 2014 ба 16 соли зиндон маҳкум карданд. Вай моҳи апрели соли 2021 шартан пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуд. Аммо баъди се моҳ дубора ба ҳабс гирифта шуд.

Иброҳим Деҳқонбоев 22 сол дар мақомҳои мухталифи хадамоти амнияти Узбекистон дар шаҳру вилоятҳои гуногуни он кишвар фаъолият кардааст.

Ӯро бо айби "Сӯистифода аз мақомт, берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хизматӣ" зиндонӣ карда буданд.

Мақомоти Узбекистон ба хешовандони Деҳқонбоев гуфтаанд, ки вай ғайриқонунӣ аз зиндон озод шуда буд ва ба ин далел будора ба зиндон фиристода шуд.

XS
SM
MD
LG