Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як фаъоли сиёсиро дар остонаи эътирозҳои эҳтимолӣ 15 рӯз зиндонӣ карданд


Гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби демократии Қазоқистон хабар дод, ки ҷонибдорони ҳизбро дар остонаи гирдиҳамоии эҳтимолӣ ҳабс кардаанд.

Шаби гузашта Ирисбек Токтасин фаъоли гуруҳи ташаббускорро пулис бо худ бурда, додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ӯро 15 рӯз ҳабси маъмурӣ кардааст. Дар ин бора рӯзноманигор Инга Имонбой дар Фейсбук хабар дод.

Додгоҳ Токтасинро бо айби ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ҳабс кардааст.

Фаъолони гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби демократии Қазоқистон барои пуштибонӣ аз забони қазоқӣ рӯзи шанбеи 18 сентябр тасмими гирдиҳамоӣ доранд.

XS
SM
MD
LG