Ссылки доступа

Чин омода аст, ба бахши иҷтимоӣ-иқтисодии Қирғизистон 100 млн доллар диҳад


Чин изҳори омодагӣ кард, ки метавонад, ба бахши иҷтимоиву иқтисодии Қирғизистон ҳамчун кӯмак 100 млн доллар ҷудо кунад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар мулоқот бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 16 сентябр хабар дод.

Ин мулоқот дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Вазири корҳои хориҷии Чин бо президенти Қирғизистон дар масоили рушди дӯстӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Қирғизистону Чин дар бахшҳои мухталиф табодули андеша кардаанд.

Ван И гуфт, Чин ба иловаи 100 млн доллар ба Қирғизистон як миллион вояи воксини зидди коронавирус низ медиҳад.

XS
SM
MD
LG