Ссылки доступа

Вакили маҷлис мегӯяд, милисаҳо ӯро бераҳмона заданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Вакили маҷлис мегӯяд, милисаҳо ӯро бераҳмона заданд. Як вакили маҷлиси Шаҳритус иддао дорад, ки ду корманди мақомот ӯро латукӯб кардаанд. Моҷаро шаби 9-уми сентбяр аз он ҷо сар задааст ки нозири роҳ ӯро дар рондани мошин дар ҳолати сархушӣ айбдор кардааст. Ҷузъиёти моҷаро дар ин гузориш. (видео)

- Дар Душанбе гуфтанд, хатари Толибон чӣ қадар аст. Дидори роҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Душанбе баъд аз зуҳри 16-уми сентябр ба поён расид. Афғонистон мавзӯи асосии ҷаласа буд. (видео)

- Ронандагони тоҷик чашм ба роҳи корфармо. Омадани Толибону пандемия сабаби кам шудани кори ронандагони мошинҳои боркаш дар Тоҷикистон шуд. Онҳо мегӯянд, даромади хонаводаҳояшон низ каму зиндагӣ сахт шудааст. (видео)

- Таҷовуз ва кушта шудани як пиразани рус ба сари муҳоҷирон бало овард. Таҷовуз ва қатли як пиразани рус дар канори шаҳри Маскав хашми мардуми як русторо барангехт. Онҳо дар назди як хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик ошӯб бардоштанд ва муҳоҷирон ҳам аз тарс хобгоҳро монда рафтанд (видео)

- Маркази равонпизишкии Кӯлобро мекӯчонанд. Мақомот дар Кӯлоб шифохонаи наве сохтаанд ва мехоҳанд, гирифторони бемориҳои равониро низ онҷо муолиҷа кунанд. Табибон мегӯянд, шифохонаи нав шароити муносиб барои нигаҳдории ингуна беморон надорад. (видео)

- Модари Хуршеда мехоҳад, гунаҳкорони марги ҷигарбандаш ҷазо гиранд. Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани келинаш парванда боз намудааст. Мақомот мегӯянд, Хуршедаи 25-сола сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Модараш мегӯяд, духтарашро дар хонаи хушдоман куштаанд. (видео)

- Сокинони Кобул ашёи хонаашонро мефурӯшанд, то нон харанд. Дар Афғонистон бо омадани Толибону бесарусомонӣ зиндагии мардум сахттар шудааст. Ҳоло баъзе аз мардум маҷбуранд, ашёи хонаҳояшонро фурӯшанд, то барои нон пул дошта бошанд (видео)

- "Вақте онҳоро мебинӣ, метарсӣ. Мӯйлаб ин хел, худаш ин хел". Баъди ишғоли Афғонистон аз тарафи Толибон орзуҳои ҳазорон сокини ин кишвар барбод рафт. Аз тарси кушта шудан, онҳо бо даст додани аввалин имконият ватанро тарк карданд, бо дасти холӣ ва пулу васоиле. Сарнавишти ду нафари онҳоро дар ин гузориш бубинед. (видео)

- Сайёҳи қатариро нагузоштанд, ки аз Душанбе равад. Субҳи 4-уми сентябр ба як сайёҳӣ қатарӣ, ки бо нӯҳ паррандаи шоҳин аз Тоҷикистон қасди сафар ба Дубай ва аз он тариқ ба Қатарро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе иҷозаи парвоз надоданд (видео)

- Парвиз Муллоҷонов: Бо шиками гурусна демократия намешавад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG