Ссылки доступа

Кишоварзони Туркманистон наметавонанд, аз давлат маблағи пахтаи супурдаашонро руёнанд


Ҳукумати Туркманистон иқтидори пардохти қимати пахтаи кишоварзонеро надорад, ки пахтаашонро ба давлат супурдаанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Кишоварзони ноҳияи Фороб пули пахтаеро дарёфт накардаанд, ки ҳанӯз 20 август чиндаву супорида буданд.

Кишоварзонаи Туркманистон аз ҳар кило пахта наздики 12 сент ё муодили тақрибан 1,4 сомонӣ бояд дарёфт кунанд.

Дар маҷмуъ, ҳукумати Туркманистон ҳар тона пахтаи кишоварзонро бо қимати 430 доллар мехарад.

Дар биржаҳои ҷаҳонӣ айни замон як кило пахта ба ҳисоби миёна 2,09 доллар ё муодили бештар аз 22 сомонӣ арзиш дорад.

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ Туркманистонро барои истифодаи меҳнати кӯдак дар саҳроҳои пахта танқид мекунанд.

Истифодаи меҳнати иҷборӣ ин мавсим низ идома кардааст. Кормандони муассисаҳои буҷавӣ, хонандагони мактаб, сарбозон ва дигаронро иҷборан ба саҳрои пахта мефиристанд.

Соли ҷорӣ Туркманистон тасмим дорад, 1 миллион 250 ҳазор тона пахта ҷамъоварӣ кунад.

XS
SM
MD
LG