Ин нахустин парвози киштии кайҳонӣ бо мусофирони мулкӣ аст, ки ба мадори Замин рафт.
Ҳайати Inspiration4 аз Маркази Кеннедии НАСА рӯзи 15 сентябр бидуни кайҳоннаварди касбӣ ба кайҳон парвоз кард. Тамоми парвоз ба таври худкор идора шуд.
Баъд аз парвози миллиардерҳо Ричард Брэнсон ва Ҷефф Безос дар моҳи июли соли ҷорӣ, парвози ҳайати мусофирони мулкӣ охирин марҳила дар рушди сайёҳии кайҳонӣ аст.
Ҳайати Inspiration4 - тарҳи миллиардер Ҷаред Айзекман аст, ки талош дорад, кайҳон барои ҳама бояд боз бошад.
Миллиардер Айзекман 38 сол дорад ва халабони касбӣ аст. Вай харҷи киштии SpaceX-ро пардохт кардааст.
Капсула ё кулоҳаки киштии SpaceX ба баландии 575 километр расид.