Бино ба маълумоти Иттиҳодияи ҷаҳонии ҳастаӣ (WNA), Узбекистон дар раддабандии кишварҳои истихроҷкунандаи уран дар ҷаҳон мақоми 7-умро касб кардааст.
Дар гузориши WNA гуфта шудааст, ки Узбекистон соли 2011 2500 тонна уран истихроҷ карда буд. Истихроҷи уран дар ин кишвар аз соли 2012 то соли 2015 то ба 2400 тонна дар сол коҳиш ёфт, вале он аз соли 2016 дубора афзоиш дода шуда, то ба 3500 дар сол расидааст.
Уран дар худи Узбекистон коркард намешавад. Ин кишвар соли 1996 талошҳоеро барои фурӯши уран ба хориҷиҳо карда буд. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми захираи урани Узбекистон 132 ҳазор тонна (ду дарсади захираи ҷаҳонӣ)-ро ташкил дода, аз ин нигоҳ дар ҷаҳон дар мақоми 11-ум аст.