Ссылки доступа

Тирпаронӣ дар яке аз донишгоҳҳои Русия. Чанд кас кушта ва захмӣ шудааст


Шахси ношиносе субҳи рӯзи душанбе дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Перми Русия тирпаронӣ кардааст. Расонаи "Говорит Москва" аз кушта шудани 3 кас ва Канали телеграмии "112" дар бораи қатли 5 нафар ва 6 захмӣ хабар додаанд.

Дар каналҳои Телеграм видеое нашр шудааст, ки нишон медиҳад одамон ба хотири наҷот ёфтан худро аз тиреза ба замин мепартоянд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз онҳое, ки дар донишгоҳ қарор доранд, даъват мешавад, то дар бино ва ҳуҷраҳо пинҳон шаванд.

Дертар як манбаи РБК дар яке аз ниҳодҳои федеролии Русия хабар дод, ки шахси ҳамлагар "безарар" гардонида шудааст. Ин хабарро дар хадамоти матбуотии донишгоҳ тасдиқ карданд. Канали телеграмии 112 иттилоъ додааст, ки ҳамлагар кушта шуд.

Расонаи 59.ru дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" навореро пайдо кардааст, ки эҳтимол дорад аз сӯи ҳамлагар сабт шудааст. Тавре аз навор бармеояд, гумонбар 18 сол дошта, барои анҷоми ҳамла пешакӣ омодагӣ дидааст. Ӯ ҳамчунин раванди ба даст овардани иҷозати дарёфти силоҳро шарҳ додааст.

XS
SM
MD
LG