Австарилия бо истихроҷи 6,2 ҳазор тона уран дар мақоми дувум ва Намибия бо 5,41 ҳазор тона дар мақоми севум қарор гирифтаанд. Канада бо 3,88 ҳазор дар мақоми 4 ва Узбекистон бо 3,5 ҳазор тона дар мақом 5 қарор доранд.
Бино ба иттилои WNA, Қазоқистон дар соли 2012 бештар аз 21 ҳазор тона ва дар соли 2016 24,6 ҳазор тона уран истихроҷ карда буд.
Захираи урани Қазоқистон дар ҳаҷми 907 ҳазор тона (15 дарсади маҷмуи захираи дунё) баҳо дода мешавад. Маводи хоми уран асосан ба Чин, Русия ва Канада содир мешавад.